Вазири  тандурустии кишвар Насим Олимзода  ва раиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба аёдати Осияи Шерзоди шашсола, ки ӯро се наврас оташ заданд омада, ҳамарӯза бо табибон дар тамос ҳастанд. Дар ин бора  Тоҳир Зубайдов , мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхтаи беморхонаи рақами 3 ҳангоми сӯҳбат ба “Азия-Плюс”  иттилоъ дод.

Тоҳир Зубайдов , мудири шӯъбаи бемориҳои сӯхта, дар мавриди ҳодисаи рухдодаи Осияи Шерзод гуфт,  дар вақти бистарӣ 65 фоизи бадани Осия сӯхта буд ва 45%-и онҳо  сӯхтаи чуқур аст. Ҳолати умумии бемор то ҳол вазнин боқист ва дар шӯъбаи наҷот табобатро идома медиҳад. 

Тоҳир Зубайдов
Asia-Plus

Зубайдов илова кард, ки барои табобати Осия гурӯҳи кории духтурони пуртаҷриба, академик, профессорон ташкил карда шудааст ва ӯро табобат карда истодаанд ва дар бораи вазъи саломатии кӯдак чизеро пешгӯӣ карда наметавонанд.

Шаҳло Аминова, модари Осия низ ҳангоми суҳбат иброз намуд, ки” духтараш хеле оромтабиат, аммо зирак буд. “Китоби “Алифбо”-ро хонда тамом кард ва ният доштем, ки ҳуҷҷатҳояшро ба мактаб супорем”.

Шаҳло Аминова,  модари Осия мегӯяд,  духтар ва ду фарзанди дигарашро дар хонаи модарбузургаш мемонад ва худ ба духтури дандон меравад. Ва вақти бозгашт аз беморхона  хабари шумро мешунавад.

Ба гуфтаи ӯ:

 - Чӣ гуна ба беморхона омаданамонро намедонем ва аз ҳодисаи рухдода низ ҳеҷ маълумоте надоштам. Осия дар ҳолати ком қарор дошт ва духтурон иҷозати ворид шудан ба назди ӯро надоданд. Танҳо гуфтанд, ки 65%-и баданаш сӯхтааст ва ҳолати бемор вазнин аст. Баъди ба ҳуш омадан Осия гиря мекарду хеле тарс дошт. Ва таъкид мекард, ки аз таги диван оташ мебарояду ӯро наҷот диҳем.

Тавре зан қисса мекунад, Осия танҳо  баъди ба ҳуш омадан ва каме ором шудан ба модараш ҳодисаро нақл мекунад. Ӯ гуфтааст, ки мехост бо ду бародари хурдаш аз хонаи амак ба хонаи модарбузургаш равад, аммо дар роҳ се наврас бо саг тарсонида, пойҳои ӯро бо банд баста, гирди пойҳояш алаф ҷамъ мекунанд ва баъдан гӯгирд мезананд. Ба гуфтаи модар, Осия дар ин ҳолат барои кӯмак фарёд мекунад, аммо ин наврасон ӯро таҳдид мекунанд, ки овоз баланд накунад, вагарна саг ӯро мегазад.

- Осия то ҳолати сӯхта ва боз шудани банд гиря мекунад ва вақте банд канда мешавад ба хонаи амакаш мегурезад ва духтари амакаш Оиша ба таҳалука уфтода ба сару рӯяш об мепошад. Аз либоси танаш осоре нест, ҳама сӯхтааст. Ба касе хусумат надорем ва намедонем бо кадом мақсад бо духтари ман чунин корро раво диданд. Мегӯянд ду нафарашон синфи 4 ва якеаш синфи 7 аст, боз мегӯянд, ки ду нафарашон синфи 4 ва якеш синфи 9 аст. Аниқ чизе намедонем, аммо хабар ёфтем, ки кӯдаконро ҳамон рӯз ҷавоб доданд, аммо баъди ҳама огоҳ ёфтан, дубора онҳоро боздошт намуданд. Табибон тамоми корро анҷом дода истодаанд ва ҳамаи маҳсулоти дорувории масрафшуда аз ҳисоби беморхона ва фонди хайриявии “Лона” мебошад.    

Пайвандону наздикони Осия
Asia-Plus

Осия фарзанди бузурги хонавода аст ва ду бародари хурди дигар дорад. Модараш хонашин ва падараш каму беш ба таксиронӣ машғул буда, таҳсил низ мекунад.

Рӯзи 19-июни соли равон 3 наврас Осияи Шерзодро, ки дар назди бинои истиқоматиаш ҳамроҳи дӯстонаш бозӣ мекард, оташ заданд. Ин се наврас хонандагони яке аз мактабҳои ҷамоати Чорякарони ноҳияи Рӯдакӣ буда, Осияро баста ба либосаш оташ сар додаанд. Тибқи иттилоъ, президенти кишвар низ аз ин ҳодиса оогҳ гардида, ба вазири тандурустӣ супориш додааст, ки табобати Осияи шашсоларо таҳти назорати шахсӣ қарор диҳад.

Сабабҳо ва омили ин амали ваҳшиёна то ҳол маълум нест ва мақомот низ ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро ошкор накардаанд.