Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодовро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттило Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Сироҷиддин Муҳриддин Қозидавлат Қоимдодовро ба муносибати  таъйин гардиданаш ба  вазифаи пурмасъулият табрик карда, ба ӯ дар пешбурди муносибатҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ташкилоти Оғохон оид ба рушд муваффақият орзу намуд.

Гуфта мешавад, дар мулоқот инчунин роҷеъ ба масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт.

То соли 2017 Қозидавлат Қоимдодов ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Беларус, ҳамзамон дар Литва, Латвия ва Эстония ифои вазифа мекард. Соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон ба нафақа баромад.

Бунёди Оғохон оид ба рушд (АКДН) аз соли 1992 дар Тоҷикистон амал мекунад. Ташкилот дар ҳамаи вилоятҳо намояндагии худро дошта, тавассути барнома ва лоиҳаҳо наздики 3 ҳазор нафарро бо ҷойи корӣ таъмин кардааст.

Ба сохтори АКДН агентиҳое шомиланд, ки дар самтҳои гуногун - рушди иқтисодии кишвар дар маҷмӯъ ва рушди деҳот, соҳаи маориф ва эҳёи фарҳанг, ҳамчунин бахши тандурустӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.