Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Мо насли хушбахти замон” Фестивали ҷумҳуриявии  наврасон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҳадаф аз баргузории фестивал дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас аст.

Қайд мешавад, ки бо қарори дахлдори раиси пойтахт барои омодагӣ ва баргузории ин чорабинӣ 68 ҳазору 50 сомонӣ (7200 доллар) маблағ ҷудо мешавад.

Дар фестивали ҷумҳуриявӣ 200 нафар наврасон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Рӯзи 29 май наврасонро дар чор дарвозаи пойтахт пешвоз гирифта, санаи 30 май дар Маркази кӯдакону наврасони Душанбе (боғи кӯдакони Душанбе) маросими расмии ифтитоҳи фестивал доир мегардад.

Рӯзи 31 май дар мактаби №6-и шаҳри Душанбе иштирокчиёни фестивал дар мавзӯи “Душанбе аз нигоҳи ман” иншо менависанд. Ҳамчунин наврасон бо шоирон Гулназар Келдӣ ва Адибаи Азиз вомехӯранд. Дар доираи фестивал мусобиқаҳо оид ба футболу баскетбол, шоҳмоту шашка ва дигар чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд.

Маросими расмии хотима ёфтани фестивал санаи 1 июн дар Амфитеатр бо чорабинии идонаи фарҳангӣ барпо мешавад.

Рӯзи ҳифзи кӯдакон ё Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон аз соли 1950 дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Қарор дар бораи таҷлили он моҳи ноябри соли 1949 аз ҷониби Федератсияи байнулмилалии демократии занон қабул шуд. Соли 1954 СММ тавсия дод, ки ин рӯз дар саросари дунё ҷашн гирифта шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.