Нашрияи бритониёии The Independent харитаи адабии ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки дар он 197 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ зикр гардидаанд.

Дар ин харита ҳар кадоме аз кишварҳо бо асари бадеӣ муаррифӣ шудаанд, ки ба хонандагон ҷиҳати шиносоӣ бо зиндагиву фарҳанги ин давлат имкон медиҳад.

Тоҷикистон дар харита бо китоби Андрей Волос «Хуррамабад» (Хуррамобод), кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Қазоқистон бо асарҳои Чингиз Айтматов - «Джамиля» (Ҷамила) ва «Дольше века длится день» (Рӯзи дарозтар аз қарн), Ӯзбекистон - бо китоби Том Биссел "Дар ҷустуҷӯи баҳр" ва Туркманистон бо "Ривоят дар бораи Айпӣ"-и Оқ Велсапар муаррифӣ шудааст.


Дар навбати худ аз Британияи Кабир асари Ҷейн Остин «Гордость и предубеждение», аз Фаронса - романи Виктор Гюго - «Отверженные» ва аз Русия - Лев Толстой бо асари «Война и мир» пешниҳод шудаанд.

«Хуррамабад» романи нависандаи рус Андрей Волос мебошад, ки соли 1955 дар Душанбе ба дунё омадааст. Роман соли 2000-ум дар Маскав нашр шуда, маҷаллаи «Новый мир» муаалифро номзад ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Русия пешниҳод намуд, ки бо фармони Владимир Путин ба ӯ тақдим гардид.


Дар эзоҳҳояш ба роман муаллиф қайд мекунад, ки «Хуррамабад» шаҳри хушбахтӣ аз афсонаҳои форсӣ аст. Зери мафҳуми Хуррамобод шаҳри Душанбе дар назар буда, қаҳрамонони асар сокинони Душанбе мебошанд.