Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қадрдонӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нимаи дуюми рӯзи 19 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии ҳукумат ба муносибати “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку” маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Мукофоти олиро ба Президенти Тоҷикистон намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Игор Поканевич супорида, ба саҳм ва нақши Президент ва Ҳукумати кишвар баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод.
Гуфта мешавад, дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гаштан ба ин шарафи бузургро пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар роҳи ташаккули тарзи ҳаёти солим арзёбӣ кард.
Зимнан зикр мегардад, ки мубориза алайҳи тамокукашӣ яке аз афзалиятҳои тадбирҳои амалии ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад, зеро корҳое, ки дар Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи тамоку анҷом меёбанд, қабл аз ҳама ба беҳдошти саломатии ҷомеа равона гардидааст.
Афзоиши ҳодисаҳои дидаву дониста сироят кардани одамон ба ВНМО дар Суғд
Арзиши патент дар Тоҷикистон 5,4% боло меравад
Ифтитоҳи пул дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо дархости Кобул
Маҷмааи бузургтарини варзишӣ дар Душанбе зудтар ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро дар Норак пешвоз мегирад
Иттиҳоди Аврупо масъалаи пайвастани Тоҷикистонро ба барномаи НУИ+ меомӯзад
Қарзи давлатии Тоҷикистон ба нисфи ММД наздик мешавад
Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво
Саттор Турсун: “Миллате, ки китобхон нест, ояндаи он норӯшан аст”
Нашрияи ӯзбекзабони “Халқ овози” 90-сола шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста