Дар шаҳри Фарғона рӯзи 24 феврал таҳти раҳбарии сарвазирони Ӯзбекистону Тоҷикистон Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо баргузор шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласа аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва сохторҳои иқтисодии ду кишвар иштирок карданд.

Зимни гуфтушунид роҳбарони ҳайатҳои ҷонибҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳои ҳамкорӣ баҳои баланд доданд.

Зикр гардидааст, ки ба туфайли иродаи сиёсии сарони кишварҳо робитаҳо дар сатҳи олӣ фаъол шуда, ҳайатҳои ҳукумати ҳарду кишвар дар вохӯриҳои гуногуни сатҳи давлатӣ ширкат ва масоили матраҳшуда муваффақона ҳал мешаванд. Дар шаҳрҳои Тошканду Душанбе намоишгоҳи молу маҳсулоти давлатҳо доир гардида, баргузории онҳо имсол низ дар назар аст.

1/4

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили гузариши хати сарҳади давлатӣ дар қитъаҳои ҷудогона баррасӣ шуда, ҷонибҳо зикр кардаанд, ки дар масъалаи таъйину аломатгузории марз дар фурсати кӯтоҳ натиҷаҳои мусбати назаррас ҳосил шуд.

Иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин ба масъалаҳои тадорукотии чорабиниҳои пешбинишуда дар сатҳи олӣ - таҳия ва мувофиқасозии бастаи ҳуҷҷатҳои дуҷониба, созишномаву қарордод, ки зимни сафари моҳи марти президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар ҳамин ҳол, як рӯз пеш, 23 феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири навтаъйини Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматовро ба ҳузур пазируфт.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва сафири тозатаъини Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов
Акс аз ВКХ ҶТ

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин мавзӯи омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯи Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.