Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ояндаи наздик ба санҷиши як мактуб аз ҷониби шахсони номаълум аз болои роҳбари ташкилоти ҳизб дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, ки ба дастгоҳи иҷроияи президент расидааст, оғоз мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ҳизб Усмон Солеҳ дар ин робита хабар дод, номаи воридшуда дар бораи қонуншиканиҳои молиявии роҳбари ташкилоти ҲХДТ-ро дастгоҳи иҷроияи президент ҷиҳати санҷиш ба прокуратураи Панҷакент фиристода, вале дар он ҷо маълум шудааст, ки шахсоне, ки гӯё дар зери он имзо гузоштаанд, аз вуҷуд доштани ин мактуб хабар надоранд.

«Аз ин маълум мешавад, ки аз болои Мурод Шукурзода муаллифони номаълум мактуб навиштаанд», - гуфт котиби матбуотии ҳизб.

Ба гуфтаи ӯ, дар мактуб қайд мешавад, ки роҳбари ташкилоти ҳизб дар Панҷакент нақлиёти хизматиро барои эҳтиёҷоти худ истифода бурда, барои таъмири автомашинаи хизматӣ аз буҷети ҳизб ғайриқонунӣ беш аз 30 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ кардааст.

Ҳамчунин дар нома нисбати Мурод Шукурзода маълумот дода шудааст, ки ӯ барои ба узвияти ҳизб қабул кардани яке аз аъзои равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» тавсия додааст.

Зимнан зикр гардид, ки раҳбарияти ҳизб тасмим гирифтааст, ки дурустии ҳамаи ин маълумотро саҳеҳан бисанҷад ва рӯзҳои наздик комиссияи КИМ ҲХДТ бо ин мақсад ба Панҷакент раҳсипор мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти КИМ ҲХДТ, наздики 40 фоизи аъзои ҳизб ҷавононанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.