Байни фавтидагон дар садамаи ҳавопаймо дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Абдураҳмонии Ҷомии вилояти Хатлон Фатҳуддин Қурбонбекзодаи 28-сола низ ҳузур дорад.

Маълумот дар бораи ҳалок шудани шаҳрванди Тоҷикистонро Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия оид ба муҳоҷират тасдиқ намуд.

Бино ба гуфтаи ӯ, тоҷикистонии ҳалокшуда дар садамаи ҳавопаймо шаҳрвандии Русияро ҳам доштааст.


“Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Россия бо наздикону пайвандони Фатҳуддин Қурбонбекзода дар Тоҷикистон дар тамос шуда, баҳри дар фурсати кӯтоҳтарин ба ватан фиристодани ҷасади ӯ ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд”, - гуфт ӯ дар суҳбат.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи ҳавопаймои Sukhoi Superjet-100-и ширкати “Аэрофлот” дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав 41 нафар ба ҳалокат расид. Аз 78 нафар шахсони дар ҳавопаймо қарордошта 37 нафар - 33 мусофиру 4 аъзои сарнишинон зинда мондаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.