Писарбачаро дар кӯчаи Двинский ду духтари синни аз 15 то 17-солаи маст захмӣ кардаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД ФР дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград.

Ташхис нишон додааст, ки писарбача аз сару гардан ҷароҳат бардошта, ҳамчунин майнааш ҳам зарб хӯрдааст.

Падари ҷабрдида шаби шанбе ба мақомоти пулис муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ҳамла қарибиҳои соати 20:30 дақиқаи рӯз ҷумъа сурат гирифтааст, хабар медиҳад манбаъ.

Зикр мегардад, ки духтарон назди майдони хонаи 4, бинои 2 дар кӯчаи Двинский машрубот истеъмол намуда, дар ҳамин ҷо бо писарбачаи 10-сола шинос мешаванд. Сипас яке аз ин духтарон ҳамроҳи ӯ ба сӯи гаражҳо рафта, баъдан аз он ҷо овози доду фарёд мебарояд.

Дар бораи сабаби ҳамлаи духтар ба писарбача маълумот дода намешавад. Мақомоти пулис аз рӯи далели захмӣ шудани ноболиғ санҷиш гузаронида, ҳамаи ҳолатҳои воқеаи рухдода мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.