Дар натиҷаи муноқишаҳои рухдода, ки рӯзи 13 март дар қитъаи Исфараи сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон рух доданд, сокини маҳаллӣ, омӯзгори 43-сола аз Чоркӯҳ Ҳусейн Ҳакимов ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, Ҳусейн Ҳакимов аз тири парронидашуда аз қаламрави ҳамсоякишвар кушта шуааст.

“Дар ин муноқиша боз чор сокини дигари деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара захмӣ шуда, ба бемористони марказии шаҳр фиристода шуданд”, - гуфт манбаъ.

Ҳусейн Ҳакимови ҳалокшуда

Боз як муноқиша чанде қабл байни сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух ва деҳаи Оқ-Сойи Қрғизистон рух дода, дар ҷараёни он муноқишагарон сӯи ҳамдигар сангпартоӣ кардаанд.

Дар маҷмӯъ дар ин муноқишаҳо беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб диданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара.

Бино ба гуфтаи манбаъ, муноқишаҳо пас аз барқарор кардани сохтмони роҳ дар қаламрави баҳсӣ аз ҷониби ҳукуматдорони Қирғизистон оғоз шудааст. Сокинони деҳаи Тоҷикон талаб доранд, ки сохтмони роҳ то қабули қарори ниҳоӣ дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳад байни кишвар мавқуф гузошта шавад. Иттилоъ дода мешавад, ки се рӯз пеш корҳои сохтмони роҳи Оқ-Сой-Тамдиқ бидуни убури қаламрави Ворух шурӯъ гардидааст.

Манбаи “Азия-Плюс” дар дастгоҳи раиси шаҳри Исфара қайд кард, ки муноқишаҳо дар натиҷаи амалҳои иғвогарона аз ҷониби Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастаанд.

“Қаблан баъди рух додани чандин муноқишаҳо дар ин қитъа ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки дар қитъаҳои баҳсии давлатҳо ягон корҳои сохтмон роҳандозӣ намешавад, лекин Қирғизистон ин созишро нодида гирифта, дубора ба сохтмони роҳ шурӯъ намуд, ки ба муноқишаи нав боис гардид”, - зикр кард манбаъ.

Тавре ба “Азия-Плюс” субҳи имрӯз тариқи телефон раиси деҳаи Тоҷикон Ғафурҷон Ҷӯраев дар ин робита хабар дод, вазъ дар маҳалли ҳодиса шидатнок боқӣ монда, субҳи имрӯз дар ин ҷо беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ҷамъ омадаанд.

Як муноқишаи дигар дар деҳаи Тоҷикон ба вуқӯъ пайваст

“Онҳо дар мавзеи Чакак роҳ сохта, минбаъд онро то ба болооби дарёи Ворух бурданианд. Ба ин васила ҷамоати Ворухро аз ҳама самтҳо дар муҳосира монданианд”, - гуфт ӯ.

Сокинони Исфара ҳукуматдорони маҳаллиро дар сустиву камфаъолиятӣ зимни гуфтушунидҳо бо Қирғизистон оид ба масъалаи қитъаҳои баҳсӣ айбдор медонанд. Онҳо аз он дар шигифтанд, ки тирамоҳ вақте ки ба деҳаи Тоҷикон қубури об (водопровод) гузарониданӣ буданд, ҷоиниби Қирғизистон ба ин иҷоза надод, ҳарчанд хати қубур аз қаламрави Тоҷикистон мегузашт.

“Сохтмони ин қубури обро Фонди Оғо Хон дар вилояти Суғд маблағгузорӣ намуд. Моҳи сентябр сохтмони онро ба мо иҷоза надоданд. Хати қубур пурра аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Ҷониби Қирғизистон барои сохтмони он ба мо имкон надода, изҳор доштанд, ки ин қитъаи баҳсӣ аст. Акнун худи онҳо дар қитъаи баҳснок ба сохтмони роҳ оғоз намуданд”, - мегӯянд сокинони деҳаи Тоҷикон.

Боз як муноқиша дар деҳаи Хоҷаи Аъло рух дод

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, баъди чанд соати сар задани муноқиша сарҳадбонони ҳарду кишвар вазъро зери назорат гирифтаанд.

“То комилан маълум шудани сабабҳои аслии сар задани муноқишаҳо мо аз шарҳу тавзеҳи ҳодиса худдорӣ мекунем”, - қайд кард Улуғхоҷаев.

Намояндагони раҳбарияти вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон дарҳол пас аз рух додани муноқишаҳо дар сарҳад вохӯрӣ гузаронидаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шаби гузашта ба Исфара омада, имрӯз аз субҳ бо аҳолии маҳаллаҳои аҳолинишини наздимарзии Тоҷикистон вохӯриҳо мегузаронад.

Дар бораи натиҷаи ин вохӯриҳо маълумот дода намешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.