Давоми ду моҳи аввали соли равон нархҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 1,2% (ҳамин давраи соли гузашта – 0,3% болоравӣ) боло рафтанд.

Моҳҳои январ-феврали соли 2018 маҳсулоти хӯрокворӣ – 2,3%, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 1% қимат шуда, маҳсулоти ғайриозуқаворӣ баръакс, ба андозаи 0,6 арзон шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон 5,4%-ро ташкил дода буд.

Кадом маҳсулоту хизматрасониҳо моҳҳои январ-феврали соли 2018 аз ҳама бештар қимат шуданд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ

карам – 23,5%

пиёз – 20,5%

орди навъи 1-ум – 5,5%

гӯшти гӯсфанд – 3,6%

Маҳсулоти ғайриозуқаворӣ

маснӯоти маишии дӯзандагиву бофандагӣ – 3,3%

пойафзол – 1,9%

воситаҳои шустан – 1,1%

дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ – 1%

масолеҳи сохтмон – 0,9%

Хизматрасониҳои пулакӣ

равуо бо нақлиёти ҳавоӣ – 53%

равуо тариқи роҳи оҳан -2,9%

хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо – 1,8%

хизматрасониҳои сартарошхонаҳо – 0,4%.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.