Бинобар дар воситаҳои ахбори омма паҳн гардидани маълумоти гуногуни ихтилоф нисбат ба собиқ корманди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимов Гулмурод, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иттилоъ медиҳад:

28 майи соли 2015 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Ҳалимов Гулмурод Салимович бо моддаҳои 305 (Хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 1 (Иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар дигар давлатҳо) Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Худи ҳамон рӯз нисбати Ҳалимов Г.С. бо иҷозати суд чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона татбиқ гардида, кофтукови байналмиллалии номбурда эълон карда шуд.

Маълумотҳои дар воситаҳои ахбори омма паҳнгардида оиди он, ки гӯё маҳз барои баррасии қазияи Ҳалимов Г.С. Ситоди махсуси муштараки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст, воқеият надоранд.

Ситоди муштараке, ки айни ҳол фаъолият дорад, ҳанӯз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҳисоби кормандони Прокуратураи генералӣ, ВКД ва КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳти роҳбарии як ниход муттамарказ гардонидани таҳкиқу тафтиши ҳолатҳои иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар дигар давлатҳо созмон дода шудааст.

Роҳбарии тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳалимов Г.С. низ ба зиммаи Ситоди мазкур вогузор карда шудааст.

Тафтиши то ба имрӯз гузаронида муайян намуд, ки Ҳалимов Г.С. даст ба хиёнат ба давлат ва савганди афсари милитсияи тоҷик зада, аҳли оила ва фарзандони ноболиғи худро бесаробон гузошта, аз ҳиссиёти ғаразнок аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуда, ба ташкилоти байналмиллалии террористии бо ном «Давлати исломӣ», ки ягон умумият бо арзишҳои дини Ислом надорад ва ҷиноятҳои дахшатовари содиркардааш ба амнияти байналмиллалӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдид мекунанд, пайвастааст.

Дар айни замон Ҳалимов Г.С. бар ивази маблағҳои ба ӯ пардохташуда ба сиёҳкунии Ватанаш машғул гашта, аз ҷониби фармоишгарони худ дар намоиши видеоии сохташуда, ки ба таърифкунии «Давлати исломӣ» ва сафедкунии ҷиноятҳои дахшатноки содиркардаи намояндагони он равона карда, ба воситаи сомонаи Интернет пахн гардонида шудааст, ба сифати «актёр» истифода шуда истодааст.

Шубҳае нест, ки баъди аз байн рафтани зарурият ба хизматрасониҳои «актёрии» Ҳалимов Г.С. ӯро ба монанди дигар хиёнатгарон тақдири бешарафона интизор аст.

Бояд қайд кард, ки хабарҳо дар баъзе воситаҳои ахбори омма паҳнгардида оиди он, ки гӯё барҳе аз ҳамхизматони Ҳалимов Г.С. низ бо ӯ Тоҷикистонро тарк карда, ба «Давлати исломӣ» пайвастаанд, ягон воқеият надоранд. Баръакс, тамоми собиқ ҳамкасбони Ҳалимов Г.С. кирдори нанговари ӯро қатъиян маҳкум намуданд.