Рӯзҳои 12-13-уми феврали соли ҷорӣ шаҳри Душанбе мизбони нишасти аввалини Гуруҳи коршиносони техникии Раванди Алмаато, як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират, буд.
Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, ва Тоҷикистон, ҳамчунин, коршиносони СММ дар ин нишаст иштирок карда, доир ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама баргузор карданд ва табодули иттилоот намуданд.
Раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ як раванди минтақавии машваратӣ мебошад, ки чолишҳои муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд. Нишасти Душанбе аввалин чорабинии ин ибтикор аз соли таъсиси он дар соли 2013 мебошад, ки таҳти Раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон Раёсати Раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад.
Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ ва коршиносона мерасонанд.
Кристина Транка, роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Раванди Алмаато барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси пойгоҳи муҳимме ҷиҳати идомаи муколама доир ба муҳоҷират ва ҳуқуқи муҳоҷирон хидмат менамояд. Ҳимояи муҳоҷирон, муқовимат ба савдои одамон ва муҳоҷирати номуназзам, тарғиби интегратсияи муҳоҷирон ва равишҳои бунёдинаи мудирияти муҳоҷират аз ҷониби ҳукуматҳо масоили муҳимми соҳаи муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд. Раванди Алмаато коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ҳам меорад, то онҳо муштаракан барои пешбурди муҳоҷирати амн иқдом намоянд”.
Нишасти аввалини Гуруҳи коршиносони фаннии Раванди Алмаато дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Барномаи минтақавии муҳоҷират дар Осиё” баргузор шуд, ки он аз ҷониби Дафтари ИМА доир ба аҳолӣ, паноҳандагон ва муҳоҷират, Ҳукумати ИМА (PRM-PIM USA) маблағгузорӣ мешавад.
AKTC rehabilitates Chihilsitoon Garden in Kabul
President will congratulate military servicemen on their professional holiday
Trial of inmates in fatal Khujand prison riot will be held behind closed doors
Dushanbe administration takes measures to support industrial production facilities
EU supports implementation of Zarafshon Irrigation Rehabilitation and River Basin Management Project
Tajik-Canadian gold mining joint venture needs additional funds for development of new deposits
Tajik public servants will mark the 26th anniversary of the national army by doing mass morning exercise
Goods and services prices last month reportedly rose on average 0.6 percent
Implementation of ICCPR in Tajikistan discussed in Dushanbe
Analysis of the tax and customs systems and the effectiveness of incentives offered
All news
Авторизуйтесь, пожалуйста