ҒУЛОМОВ Асадулло
28 феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №13-и трести "Кӯлобселстрой" оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои прораб, сармуҳандиси Идораи махсусгардондашудаи сохтмонии №27, сардори Идораи сохтмонии №17, сардори трести "Тоҷикхимстрой"-и ноҳияи Ёвон кор кардааст.
Солҳои 1995-2001 муовини аввали Раиси Ширкати давлатии сохтмонии "Тоҷиксохтмон" ва солҳои 2000-2003 ба сифати раиси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Соли 2003-2006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо ордени Шараф дараҷаи 1 ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Назарҳо
-
9 photo / 25 МайНозим Қаландаров
-
12 photo / 05 ЯнварНозим Қаландаров
-
14 photo / 22 НоябрНозим Қаландаров
-
25 photo / 03 НоябрРамзия Мирзобекова
-
20 photo / 25 ОктябрШонаврӯз Афзалшоев
-
13 photo / 13 ОктябрБахтиёр Валиев
-
9 photo / 26 ИюлБахтиёр Валиев
-
7 photo / 07 ИюлНозим Қаландаров
-
15 photo / 30 ИюнНозим Қаландаров
-
16 photo / 27 ИюнНозим Қаландаров











