Рӯзҳои 4-7 май дар Душанбе баррасии расмии гузориши миллӣ дар Кумитаи зидди шиканҷа сурат мегирад.

Пахши онлайнии муколамаи интерактивии ҳукумати Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба амалинамоии уҳдадориҳои худ дар мавриди Конвенсияи зидди шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо рӯзи 4-уми май дар «Душанбе-Плаза» баргузор мегардад.

Ҳангоми муколамаи интерактивӣ ҳайати давлатӣ бо гузориш оид ба пешрафти кишвар дар амалинамоии стандартҳои Конвенсияи зидди шиканҷа баромад мекунад, ба саволҳои аъзои Кумитаи зидди шиканҷа посух медиҳад. Кумитаи зидди шиканҷа тавсияҳои ниҳоии худро ба Тоҷикистон барои панҷ соли наздик ироа медорад.

Ҳайати давлатиро Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Ба ҳайат инчунин Сатторзода Абдуҷаббор - сардори Раёсати кафолати ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Аламшо Аламшозода - муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, Илҳом Маҳмудзода - муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Саида Умарзода - муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин нозири мустақил Зариф Ализода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дохил мешаванд.

Тоҷикистон аз соли 1995 узви Конвенсия ба ҳисоб меравад. Моҳи ноябри соли 2016 Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷа гузориши сеюми даврӣ оид ба рафти тадбиқи Конвенсияро пешниҳод намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.