Пагоҳ Тоҷикистонро обуҳавои сард фаро гирифта, дар Душанбе ҳарорат якбора 10 дараҷа поин меравад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 4 январ дар тамоми минтақаҳои кишвар борон борида, суръати шамол пурзӯр мешавад, вале танҳо дар кӯҳҳо барф меборад.

Дар минтақаи шимоли кишвар обуҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо борон ва дар кӯҳҳо барф меборад. Ҳарорат рӯзона то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҷануби кишвар, вилояти Хатлон, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф борида, ҳарорат дар водиҳо шабона: - 1+4, рӯзона: 6-11 дараҷа гарм ва дар доманкӯҳҳо шабона: -2+3; рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ борони ба барф табдилёбанда дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона: 8-13 дараҷа хунук рӯзона: -1+4 ва дар шарқи вилоят шабона: 19-24 дараҷа хунук ва рӯзона: 6-11 дараҷа хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ боришот пешбинӣ шуда, ҳаво рӯзона: то -2+3 ва шабона: 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар Душанбе рӯзона борон борида, шабона ҳарорат то сифр поин меравад. Рӯзона ҳарорат 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.