Бо ташаббуси як гурӯҳе аз рӯзноманигорон ва дастгирии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) рӯи қабри журналисти тоҷик Даврон Ғуфронов, ки бемаҳал аз олам даргузашт, санг гузошта шуд.

Ба гуфтаи раиси ИЖТ Зиннатулло Исмоилзода, Даврон бо номи Исо писарчаи 4-сола дорад, ки баъди марги падар ба дастгирӣ ниёз дорад.

«Бо ин мақсад ба номи Зайнура Раҳмонова, ҳамсари ҳамкори марҳуми мо суратҳисоби бонкӣ боз шуда, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин оила кумак карда метавонанд», - қайд кард ӯ.

Акс аз Абдураҳмон Раҳмонов

Даврон Ғуфронов 24 сентябри соли равон дар синни 43-солагӣ бармаҳал аз олам даргузашт. Фаъоляти худро ӯ аз радио оғоз намуда, аввали солҳои 2000-ум ба ҳайси шореҳи варзиши ҳафтаномаи “Тоҷикистон” кор мекард. Сипас чандин сол дар ҳамин вазифа дар гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва баъдан хабаргузории “Озодагон” фаъолият намуд.

Аз ҳамаи касоне, ки ба оилаи ҳамкори марҳуми мо дасти ёрӣ дароз карданианд, хоҳиш мекеунем, ки ба реквизитҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.