АНОНС

- Дар Душанбе вохӯрии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби футболи хурд (футзал)-и Тоҷикистону Туркия баргузор мешаванд. Оғози бозӣ соати 14:00 дар маҷмааи варзишии Куитаи андоз;

- То 31 декабр дар маркази кӯдакони «Аладдин» (МС «Душанбе Мол», Ашан») чорабинии идонаи «Афсонаи солинавӣ» доир мегардад. Оғози чорабиниҳо ду маротиба дар як рӯз - соатҳои 12:00 ва 16:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8243 сомонӣ;

1 евро – 10.4594 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1527 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми шиносномавӣ ҷорӣ гардид.

1938 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ таъсис дода шуд.

1930 – Зодрӯзи олими адабиётшинос Саидумар Султонов.

1937 – Мавлуди доктори улуми физикаву математика Муҳаббат Каримова.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми кимиё, профессор Самариддин Каримов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф), рӯзона дар водиҳо аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона -3+2, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -4+1.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф), рӯзона дар водиҳо аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +5+10; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона -1+4.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4-9, рӯзона -1-6; дар шарқ шабона -16-21, рӯзона -9-14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона -4+1.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ борон меборад.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ борон меборад.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона 0+2.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.  

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона -2-4.