Шаби Соли нав, 31 декабр қисмате аз роҳҳои маркази пойтахт замони баргузории барномаи солинавӣ баста мешаванд.

Дар қарори раиси пойтахт дар ин робита қайд мешавад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ 31 декабр аз соати 19:30 то 22:00 манъ мешавад.

Ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати роҳандозии чораҳои мушаххаси мақсаднок баҳри таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории чорабиниҳои идона ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон дастур дода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 31 декабр дар майдони асосии кишвар - Дӯстӣ бо иштироки овозхонону ҳунармандони шинохтаи кишвар барномаи консертии идона баргузор мешавад.