Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон ба Филармонияи давлатӣ дастур додааст, ки барои баргузор намудани консерти хайрия ҷиҳати кумак ба писари овозхони маъруф Дилноза Каримова бепул толор ҷудо карда шавад.

«Нома имрӯз ба мо расид ва албатта ҳамаашро ташкил мекунем. Консерт рӯзи 6 январ ба нақша гирифта шудааст. Толори филармония 899 ҷойи нишаст дорад», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз филармония.

Ба гуфтаи роҳбари маркази продюсерии «Шоира», ташкилкунандаи конесрт Шоираи Раҳимҷон, мактуб ба дастгоҳи президент се рӯз пеш фиристода шудааст.

«Вақте мо ба филармония муроҷиат кардем, раҳбарияти он ба мо гуфтанд, ки толор дар ихтиёри дастгоҳи президент қарор дорад. Мо дарҳол ба Озода Раҳмон муроҷиат кардем, то ки ҳарчи зудтар толор ҷудо шуда, ба наҷоти Диёрбеки хурдсол кумак кунем, вале интизорӣ надоштем, ки ин қадр зуд ба мактуби мо расидагӣ мекунанд. Озода Раҳмон худи ҳамон рӯз дастур дода, мушкили моро ҳал кард», - таъкид дошт Шоира Раҳимҷон.

Ба гуфтаи ӯ, баъди маълум шудани ба пул эҳтиёҷ доштани Дилноза Каримова барои табобати фарзанди ба бемории саратон гирифтораш - Диёрбек Аминҷонови 6-сола, дарҳол доир ба баргузории консерти хайрия ҷиҳати дастгирӣ тасмим гирифта шуд.

Диёрбеки хурдсол айни замон дар маркази саратоншиносии шаҳри Бишкек бистарӣ буда, баъди дастрас шудани маблағ, метавонад дар Маскав муолиҷа гирад.

«Диёрбек ду моҳ бемор шуда, табибони Бишкек тавсия додаанд, ки ӯро барои муолиҷа ба марказҳои маъруфи саратоншиносӣ дар Русия, Ҳиндустон ё Туркия баранд. Қарор шуд, ки Диёрбекро ба Маскав мебаранд, вале барои ин на камтар аз 6 млн. рубл маблағ лозим аст», - хабар додааст Шоира Раҳимҷон.

Консерти хайрия бо иштироки бисёре аз ситораҳои эстрадаи тоҷик санаи 6 январ доир мегардад. Билетҳо дар кассаҳои Филармонияи давлатӣ фурӯхта мешаванд.