Корҳои таъмиру таҷдиди бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки баъди кӯчонидани бинои Театри Маяковский ҳунармандонаш ба он ҷо кӯчонида шуданд, аввали соли 2018 оғоз мегардад. Мансабдорон итминон медиҳанд, ки ин кинотеатр тамоман бинои нав хоҳад шуд.

Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки лоиҳаи таъмину навсозии кинотеатри «Тоҷикистон» таҳияву тасдиқ ва мувофиқа шуда, амалисозии он аввали соли 2018 шурӯъ мешавад, ки муддати як сол давом мекунад.

«Барои амалисозии лоиҳа воситаҳо ҷудо шуда, лекин маблағи ниҳоӣ алҳол мушаххас нест, зеро он метавонад тағйир ёбад, - гуфт манбаъ. - Ин ҷо сари азнавсозии пурраи кинотеатр сухан меравад, ки бино комилан дигар шуда, ба ҳамаи талаботи театри драмавӣ ҷавобгӯ хоҳад буд».

Мунира Дадаева, директори Театри ба номи Маяковский дар ин робита изҳор дошт, ки лоиҳаи таъмиру навсозии бинои кинотеатр бо онҳо мувофиқа шуда, ба он баъзе тағйирот ворид ва эродҳо баён шуданд.

«Албатта, мо қаноатмандем. Ба мо ваъда доданд, ки зимни корҳои таъмиру таҷдид пешниҳоду эродҳои моро ба инобат мегиранд ва бинои комилан нав месозанд, ки ба фаъолияти театр муносибу созгор хоҳад буд», - иброз дошт Дадаева.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.