Аз вазири иттилооти Беларус Александр Карлюкевич ба унвони вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода номаи сипос расид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, нома ба Вазорати фарҳанг ва шахсан вазир барои таваҷҷуҳу эътибор, ки нисбат ба ҳайати Вазорати иттилооти Беларус  зимни баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» зоҳир гардид, миннатдорӣ изҳор шудааст.

«Барномаи рангоранги намоишгоҳ имкон дод, ки ҳайати мо бо дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи табъу нашр ва полиграфия пурра шинос гарданд»,- омадааст дар матни нома.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми нома Александр Карлюкевич изҳори бовар намудааст, ки иштироки ҷонибҳо дар чунин чорабиниҳои муҳим минбаъд низ ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва дўстии ду кишвар мусоидат менамоянд.

Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» охири моҳи октябр дар пойтахти кишвар баргузор шуд.