Дар робита ба нисбатан сардшавии обуҳаво, Маркази барқу гармидиҳии-2 Душанбе интиқоли нерӯи барқ ва гармиро ба истеъмолгарон зиёд мекунад.

«Бинобар сардшавии ҳаво Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин сохтани саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо барқу гармӣ иқтидорҳои худро зиёд мекунад», - хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик».

Дар маълумот қайд мешавад, ки МБК-2 Душанбе  охири моҳи октябри соли равон ба кор шурӯъ карда, айни замон ҳол иқтидори истеҳсолии он ба 240-260 МВт нерӯи барқ ва 30—35 Гкал/соат гармӣ баробар мебошад ва дар як вақт корҳои омодасозӣ ва пайваст намудани манзили сокинони пойтахт ва идораю муассисаҳо бо гармӣ идома доранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар назар дошта шудааст, ки рӯз то рӯз вобаста ба тағйирёбии вазъи обу ҳаво иқтидори истеҳсолии марказ зиёд мегардад.

Дар ҳамин ҳол, раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода бори навбатӣ шаҳрвандони кишварро ба сарфакорӣ дар истифодаи нерӯи барқ даъват кардааст.

Исмоилзода зикр мекунад, ки «айни замон, дар овоне, ки ба муштариён бемаҳдудият барқ дода мешавад ва вобаста ба рӯз то рӯз сард шудани ҳаво талабот ба барқ бамаротиб меафзояд, мо аз сокинони кишвар ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо хоҳиш менамоем, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд».

«Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти пурраи ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, ба кори муназзами тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ, яъне ба таъмини фаъолияти боэътимоди онҳо кафолат медиҳанд. Ҳар сокини кишвар бояд ба низоми ягонаи энергетикии кишвар чун ба боигарии миллии ватани азизи худ муносибат намояд», - омадааст дар муроҷиатномаи роҳбари ширкат.