Дар шаҳри Санкт-Петербург ба гумони робита бо фаъолияти созмони террористӣ шаҳрванди Тоҷикистон Умар Маҳмадиев боздошт шуд.

Бино ба иттилои CA-NEWS, боздоштшуда ният доштааст, ки ба сафҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайваста, дар шаҳри Санкт-Петербург амали террористӣ содир кунад.

Нисбати боздоштшуда чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан ба муҳлати то 7 феврали соли 2017 амалӣ мешавад.

Хабаргузории ТАСС менавиисад, Маҳмадиев шоми рӯзи 8 декабр дар қаламрави фурудгоҳи Пулково зимни гузаштан аз назорати гумрукӣ боздошт шуда, тибқи маълумоти сарчашмаҳои наздик ба тафтишот, ба Туркия азми сафар доштааст.

Гуфта мешавад, сипас ният доштааст, ки аз Туркия ба Афғонистон раҳсипор гардида, ба сафҳои Давлати исломӣ шомил гардад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар сурати муваффақ нагардидан ба тарки қаламрави Русия, Маҳмадиев содир намудани амали террористӣ дар Петербургро тарҳрезӣ карда будааст.