Зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии  соли 2017 муовини сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Ситод Азим Иброҳим ба масъулин ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рашт, Лахш, Фархор ва Қубодиён танбеҳ ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Исфара ва Файзобод огоҳӣ эълон кард.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин шаҳру навоҳӣ иҷрои нақшаи даъват то рӯзҳои охири моҳи ноябр кашол ёфта, аз бепарвоӣ ва муносибати ҷиддӣ надоштани раисони комиссияҳои даъватӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мазкур шаҳодат медиҳад.

Гуфта мешавад, дар ин радиф фаъолияти комиссияи даъватӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе бо сарварии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ махсус қайд шуд, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ даъватҳои баҳорию тирамоҳӣо дар муҳлати як моҳ бомуваффақият анҷом ёфта, ин шоистаи ибрат аст.

Муовини сарвазир ҳамчунин зикр кард, ки дар натиҷаи ташкили дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи ватандӯстию ватанпарварӣ дар байни ҷавонони кишвар даъвати тирамоҳии соли равон  пеш аз муҳлат таъмин гардид.