Дар шаҳри Аммони Урдун Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Файсал Окиф ал-Фоиз мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нақши парлумонҳо дар густариш ва таҳкими равобити дӯстонаи байнидавлатӣ арзишманд арзёбӣ гардид.

Гуфта мешавад, сипас Президенти Тоҷикистон аз як қатор мавзеъҳои қадимаву таърихии ин кишвар боздид ба амал овард. Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Аммон Қалъаи Ситадел, Осорхонаи Урдун, маконҳои таърихии шаҳри қадимаи Петра, Баҳри мурда ва соҳили ғарбии руди Урдунро тамошо кард.

1/10