Дар иҷлосияи сездаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси  пойтахт Рустами Эмомалӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанберо дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои соли 2018 муайян кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, қайд шуд, ки Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) дар моҳҳои январ - сентябри соли 2017 ба 7510,0 (ҳафт миллиарду панҷсаду даҳ) миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 17,7 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2017 сохтори Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) аз ҳисоби  истеҳсоли молҳо 22,9 фоиз , хизматрасонӣ 73,2 фоиз  ва андозҳо 3,9 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар моҳҳои январ – ноябри соли ҷорӣ рушди МММ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 103,6 фоиз, боркашонӣ 101,4 фоиз, гардиши савдои чакана 101,3 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 103,7 фоиз таъмин гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 467 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун, бо дарназардошти субъектҳои хусусӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1406,6(як миллиарду чорсаду шаш) миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1фоиз зиёд мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе зимни муҳокимаи масъалаҳо таваҷҷуҳи вакилони халқ ва масъулини соҳаҳоро, қабл аз ҳама, бо дарназардошти татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба иҷрои корҳои сохтмонию меъморӣ, махсусан назорати маҳсулоти сохтмонӣ ва риояи талаботи санъати меъморию шаҳрсозӣ ҳангоми бунёди бинову иншоотҳо ва такмили фаъолияти комиссияи давлатии қабули иншоотҳо равона сохта,   Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанберо вазифадор карданд, ки дар самти назорати риояи иҷрои муҳлати қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оид ба иҷозатномадиҳӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони иншоотҳо, инчунин ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо вобаста ба ғасби қитъаҳои замин чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр супориш гирифтанд, ки   бо мақсади ободу зебо гардонидани симои кӯчаю хиёбонҳои пойтахт бо истифода аз иқдомҳои шахсони эҳсонкор корҳоро дар самти таъмир ва рангубори намои бинову иншоотҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ ва маъмурӣ, инчунин таъмир ва азнавсозии роҳҳо ва иншоотҳои ирригатсионӣ мунтазам идома дода, ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи бо обтаъминкунӣ ва хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо неруи гармӣ тадбирҳои мушаххас андешида, дар мавсими тирамоҳу зимистон, алалхусус дар рӯзҳои боришот ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани системаи ирригатсионӣ, каналу селпартоҳо ва таҳшингоҳҳо   навбатдории шабонарӯзиро ба роҳ монанд.

Роҳбарону масъулини бахши нақлиёт ва сохторҳои марбутаӣ он уҳдадор шуданд, ки ҷиҳати танзими реҷаи ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳо корҳоро ҷоннок карда, дар доираи шарикии давлат ва бахши хусусӣ  вусъат додани корҳо дар самти насби таҷҳизоти электронии пардохти ғайринақдӣ дар тамоми нақлиёти мусофирбари истифодаи умуми шаҳри Душанбе,  пешгирии тамбашавӣ, инчунин ташкили  терминалҳои муосири мусофирбарӣ дар назди даромадгоҳҳои пойтахт ва марказҳои хизматрасонии таъмири техникаи нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ  тадбирҳои дахлдорро чораҷӯӣ намоянд.

Муассисаву корхонаҳои коммуналӣ бобати  дар фасли зимистон тоза нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди пойтахт, захира намудани заҳрхимикатҳо ва дигар маводҳои зидди лағжиш, таҷдиди техникаи барфрӯбӣ ва партовкашонӣ, азнавсозии истгоҳҳои замонавии нақлиёти мусофирбарии ҳудуди шаҳри Душанбе, пешгирии ҳолатҳои зиддисӯхтор, инчунин ҷиҳати ба талаботи оташнишонӣ ҷавобгӯ будани иншоотҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои мушаххас андешида,  дар ҳамкорӣ бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе бобати пешгирии омилҳои коррупсионӣ миёни кормандон чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд.

Сохторҳои дахлдор вобаста ба фаъолияти марказҳои савдо, бозорҳо, корхонаҳои савдои хӯроки умумӣ ва маишӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои савдо, талаботҳои меъморию шаҳрсозӣ, санитарию эпидемиологӣ ва зиддисӯхтор, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ба пуррагӣ аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, пешгирӣ ва манъи воридоти молу маҳсулоти пастсифат, махсусан гушти мурғ, ширу ҳасиб чораҳои зарурӣ андешида, талаботи воқеии аҳолии шаҳрро барои ташкили бозорҳо омӯхта, ҷиҳати ҷойгиркунии бозорҳо дар маҳаллаҳои алоҳида аз рӯи зарурият ва таъмини рақобати солим ва бартараф намудани бозорҳои сарироҳӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.

Иҷлосия буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2018 ва иҷрои буҷети шаҳрро дар соли 2016, "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025"  ва "Дурнамои рушди савдо ва хизматрасониҳои маишӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017-2025"-ро  пас аз баррасии ҳамаҷониба тасдиқ карда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои мавриди муҳокима қароргирифта қарорҳои дахлдор қабул шуданд.