Раиси шаҳри Душанбе қароре ба имзо расонид, ки мувофиқи он ҳамаи нуқтаҳои фурӯши гирду атрофи бозори Шоҳмансур кӯчонида мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, ин ҷо сари дӯкону фурӯшгоҳҳо, биноҳои хадамоти маишӣ ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ сухан меравад, ки замоне дар гирду атроф ва наздикии бозор сохта шудааст.

Раиси пойтахт ба сохторҳои дахлдори шаҳр дастур додааст, ки рӯйхати иншооти бартарафшавандаро тартиб дода, моликони онҳоро ба таври хаттӣ дар бораи кӯчонидани онҳо огоҳ намоянд. Ҳамчунин супориш дода шудааст, ки ба соҳибони иншооти бартарафшаванда ҷубронпулӣ ҷудо карда шавад.

Бо қарори раиси пойтахт, тамоми қаламрави холишуда бо андозаи 4,3 гектар ба фонди заминҳои захиравии пойтахт дохил карда мешавад: бидуни иҷозаи махсус ҳама гуна сохтмон дар ин ҷо манъ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.