Аввали ҳафтаи оянда дар Қасри миллат маросими аз ҷониби сафирони тозатаъини 15 давлат ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурдани эътимоднома доир мегардад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ин маросим сафирони навтаъйини фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Шоҳигарии Белгия, Канада, Ҷумҳурии Эстония, Руминия, Иёлоти Муттаҳидаи Мексика, Аргентина, Ҷумҳурии Чили, Ҷумҳурии Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Индонезия, Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Муғулистон ва Давлати Исроил ба Президенти Тоҷикистон эътимоднома месупоранд.

То маросими супурдани эътимодномаҳо дипломатҳои кишварҳои дар боло зикршуда нусхаҳои эътимодномаи худро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов месупоранд.

Зимни вохӯрӣ бо сафирони тозатаъин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо ин давлатҳо ва нияту ҳадафҳои Душанбеи расмӣ изҳори назар мекунад.