Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ чанде қабл аз Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар боздид намуд.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, зимни вохӯрӣ бо мансабдорони воломақоми кишвари ҳамсоя таъкид шудааст, ки дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ба таври қобили мулоҳиза рӯ ба беҳбудӣ оварданд.

Гуфта мешавад, айни замон маҷмӯи масоили марбут ба беҳбуди сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди бозбинӣ қарор дорад.

«Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки миёни пойтахтҳои кишварҳо алоқаи ҳавоӣ барқарор шуда, ҷаласаи навбатии комиссияи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии давлатҳо баргузор шуд, - омадааст дар маълумот. - Се вохӯрии гурӯҳҳои байниҳукуматии таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ доир гардида, ҳамкории фарҳангиву гуманитарии ҷонибҳо низ дар ҳоли густариш аст».

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯриҳо ҳамчунин ба масъалаҳои ташкили вохӯрии навбатии гурӯҳҳои байниҳукуматии таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.