Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов рӯзҳои 14-15 ноябри соли равон ба шаҳри Ройтлинген – бародаршаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз ҷониби обербургамистри шаҳри Ройтлинген хонума Барбара Бош ба ҳузур пазируфта шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози сӯҳбат сафири Тоҷикистон ба хонум Барбара Бош салому паёми дӯстонаи раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалиро расонда, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни бародаршаҳрҳо - Душанбе ва Ройтлингенро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳарду ҷониб омодагии хешро баҳри таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ таъкид карданд. Дар рафти мулоқот аз Барбара Бош даъват шуд, ки дар фурсати барояш муносиб аз шаҳри Душанбе боздид ба амал оварад.

Хонум Барбара Бош барои даъват изҳори миннатдорӣ намуда, паёми дӯстонаи худро ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фиристод. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки омодааст, дар фурсати муносиб бо ҳамроҳии ҳайати соҳибкорон ва фарҳангиёни шаҳри Ройтлинген ба бародаршаҳр Душанбе сафар анҷом диҳад.       

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин дар доираи сафари корӣ мулоқоти сафири Тоҷикистон бо роҳбари Палатаи тиҷорат ва савдои шаҳри Ройтлинген д-р Йенс Каспер баргузор гардид.

Акс аз ВКХ ҶТ

Дар рафти мулоқот сафир оид ба имконоти иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз Палатаи саноат ва савдои минтақаи Ройтлинген даъват ба амал овард, ки барои ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони аъзои Палатаи мазкур ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд.