Ҳукумати Тоҷикистон баҳри солимгардонии вазъи молиявӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ гурӯҳи нави корӣ таъсис дода, роҳбарии онро ба дӯши раиси кумитаи молия ва иқтисоди парлумон, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Шариф Раҳимзода вогузор намуд.

То ин дам баҳри аз буҳрон раҳо кардани бонкҳои тиҷоратӣ Вазорати молия ва Бонки миллӣ низ талош варзида, вале барномаи беҳбуди вазъ дар муассисаҳои қарзии дорои мушкилот бо буҷети беш аз 3 млрд. сомонӣ тағйирти назаррасеро ба бор наовард.

Гурӯҳи кории мазкур ба масъалаи аз буҳрон раҳо кардани ду бонки дучори мушкилот - «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад кард.

Воситаҳои маҳдуди буҷет ба ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ барои ҳалли мушкилот имкон намедиҳагд ва яке аз роҳҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, аз эътибор соқит кардани қарзҳо аз андози бонкҳо назди буҷет мебошад, ки ба ин васила қисмате аз мушкилотро дар ин самт метавон ҳаллу фасл кард.

Дастрас кардани шарҳу тавзеҳи роҳбари гурӯҳи корӣ Шариф Раҳимзода муяссар нашуд.