Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ – аъзоёни Нуқтаи дастёбии дастаҷамъии SWIFT-и Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҷиҳати мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT вохӯрӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, вохӯриро муовини Раиси Бонки миллӣ Машрабзода Ҳамидулло ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки бо мақсади пешгирии амалиётҳои қаллобӣ ва таъмини амнияти иттилоот дар низоми SWIFT, ташкилотҳои қарзӣ бояд аз тағйироту талаботҳои ҳамарӯзаи Ҷамъияти SWIFT огаҳӣ дошта, аз ин рӯ, бо мақсади мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандагони SWIFT гузаштани раванди аттестатсия ҳатмӣ мебошад.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ бо намояндагони ташкилотҳои қарзӣ инчунин вобаста ба масъалаҳои раванди мутобиқшавӣ ба талаботҳои Барномаи амнияти истифодабарандаи SWIFT (CSP – Customer Security Programm) ва гузаштани аттестатсия сардори бахши дастгирии техникии SWIFT Яҳёев Бахтиёр баромади мушаххас намуда, иттилоъ дод, ки айни замон ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ аз раванди аттестатсия бомувафаққият гузашта, худро дар платформаи KYC-SA санҷиданд.

«Мақсади асосии ҷорӣ намудани Барномаи CSP ин расонидани кӯмак ба истифодабарандагони SWIFT дар самти таъмини амният, ҳифзи инфрасохтори дохилӣ ва мубориза бар зидди қаллобӣ мебошад», - иброз дошт номбурда.

Дар идомаи мулоқоти корӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иттилоот дар ҷойи кории нуқтаи дастрасӣ ба низоми SWIFT, ҳифзи ҷойи корӣ, ҳифзи гузарвожаҳо ва соқиту қатъ намудани ҳуқуқу ваколатҳои истифодабарандагон дар ин низом сардори бахши ҳифзи иттилоот - Абдуллоев Шамсиддин ба саҳми иштирокчиён маълумоти муфассал манзур намуд. Дар қисмати муҳокима намояндагони ташкилотҳои қарзӣ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Зикр мегардад, ки вохӯрии кориро муовини раиси БМТ Ҳамидулло Машрабзода ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки чунин мулоқотҳо барои таҳким бахшидани ҳамкории судманд бо ташкилотҳои қарзӣ дар самти пешгирӣ намудани амалиётҳои барои низоми SWIFT хавфнок ва таъмини амнияти иттилоотӣ мусоидат хоҳад кард.

Бино ба маълумоти сомонаи www.swift.ru , айни замон аз низоми SWIFT наздики 8 ҳазор ташкилотҳои бузургтарини қарзӣ ва молӣ, бонкҳои марказиву миллӣ, ширкатҳои рушёфтаи саноатӣ аз 204 кишвари саросари дунё истифода мекунанд. Ҳамарӯза тариқи шабакаи SWIFT  беш аз 10 млн. маълумот ба маблағи умумии зиёда аз 6 трлн. доллар интиқол меёбад.