Бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо ниҳоди минтақавии бахши хусусии Бонки рушди исломӣ (БИР) дар Малайзия ва Корпоратсия оид ба рушди тиҷорати байналмилалии Малайзия (MATRADE) дар шаҳри Куала Лумпур таҳти унвони “Муколамаи тиҷорӣ: Бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон” бизнес-семинар баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори семинар муовини директори иҷроияи Корпоратсия оид ба рушди тиҷорати байналмилалии Малайзия хонум Шаримаҳтон Мат Солеҳ, Директори минтақавии бахши хусусии БИР ҷаноби Аҳмад Абдул Халид ва сафири Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ иштирок карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар мавриди муносибатҳои Тоҷикистон ва Малайзия, доир ба дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар самтҳои иқтисод, тиҷорат, имтиёзҳо ҷиҳати соҳибкорӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон машварат оростанд.

Инчунин коршиносони Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ш. Сӯфиев, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Кенҷаев ва Муовини директори Департаменти Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ ва Африкаи Вазорати савдои байналмилалӣ ва саноати Малайзия С. Шариф  муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Малайзия, имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Зикр мегардад, ки дар семинар намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия ва  намояндагони ширкатҳои бонуфуз, соҳибкорони маҳаллӣ ва теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷикистонӣ ширкат варзиданд.