Ширкати «Ӯзбекэнерго» роҳандозии фаъолияти муштарак бо низоми энергетикии Тоҷикистонро пас аз васли реле (дастгоҳи васл ва ҷудо кардани ҳалқаи барқӣ)-и муҳофизатӣ ва дастгоҳи автоматикии зидди садама дар Тоҷикистон тарҳрезӣ намуд.

«Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекэнерго» роҳандозии ҳамкорӣ бо низоми энергетикии Тоҷикистонро ба нақша гирифт. Айни замон Ӯзбекистон хатҳои барқи ҷараёни 220 ва 500 кВ-ро омода кард», - иттилоъ медиҳад «УзА» бо истинод ба ширкат.

Дар маълумот қайд мешавад, ки дар низоми энергетикии Тоҷикистон лоиҳаҳои марбут ба истифодаи дастгоҳҳои автоматикии зидди садама ва релеи муҳофизатӣ мавриди амалишавӣ қарор дошта, баъди анҷоми онҳо роҳандозии фаъолияти муштараки низомҳои энергетикии кишварҳо дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, чанде рӯз қабл зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки аз тобистони соли оянда Тоҷикистон метавонад ба Ӯзбекистон нерӯи барқ интиқол диҳад.

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон қотеъона ният доранд, ки низоми ягонаи муттаҳидаи энергетикии минтақаро барқарор кунанд ва барои ин Ӯзбекистонро лозим аст, ки 60 км хати интиқоли барқи васлкунандаи ҷануби кишвар бо Тоҷикистонро барқарор созад.