Соли равон дар Тоҷикистон наздик ба 183 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба соли гузашта 21,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти пешакии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то санаи 18 декабр дар вилояти Суғд - 83 ҳазору 622 тонна, Хатлон - 68 ҳазору 56 тонна, ноҳияҳои тобеи марказ - 22 ҳазору 623 тонна ва ВМКБ - 8 ҳазору 542 тонна ҳосил мева ҷамъоварӣ шудааст.

Дар Вазорат ҳосили хуби имсолаи ангурро қайд мекунанд: соли равон дар саросари кишвар наздики 114 ҳазор тонна ҳосили ангур гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 ҳазор тонна бештар мебошад.

Бо вуҷуди афзудани ҷамъоварии ҳосили ангур дар соли равон ба андозаи беш аз 20 фоиз, арзиши он дар бозори дохилӣ қариб дар як сатҳ бо соли гузашта - аз 4 то 12 сомонӣ барои 1 кило боқӣ мемонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.