Арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт тӯли нимсолаи дуюм қариб 50% боло рафт. Беш аз 60%-и автомашинаҳои ҷумҳурӣ аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд.

Айни замон арзиши 1 литри гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 4,1 сомониро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали нимсола нархи он ба 2,8 сомонӣ баробар буд.

Таҳвилгарони гази моеъ болоравии нархи онро ба афзоиши арзиши он дар Қазоқистон нисбат медиҳанд, ки ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ ба ин кишвар рост меояд.

Чанд рӯз пеш ВАО-и Қазоқистон дар бораи болоравии арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши кишарашон маълумот додавнд. Дар мақомоти дахлдори Қазоқистон афзоиши нарх ба ин навъи сӯзишвориро ба болоравии нархи ҳадди ниҳоии фурӯши яклухти он, ки аз моҳи апрели соли 2016 беш аз се маротиба афзуд, нисбат медиҳанд.

Қаблан ВАО хабар дода буданд, ки Вазорати энергетикаи Қазоқистон дар бораи аз 1 январ то 31 марти соли 2018 болоравии ҳадди ниҳоии нархи яклухти гази моеъ аз 34 319 танга (102 доллар) барои 1 тонна (бидуни ААИ) то ба 38 701,67 танга (115 доллар) дастур омода мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар ҷумҳурӣ беш аз 60%-и нақлиёти автомобилӣ имрӯз ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Соли 2010 Русия ба Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти нафтӣ боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард, ки ба болоравии арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯш боис гардид. Баъди ин ронандагони автомашинаҳо дастаҷамъӣ ба истифодаи сӯзишвории нисбатан арзонтар – гази моеъ гузаштанд.

Айни замон беш аз 30 ширкат ба интиқоли гази моеъ ба Тоҷикистон машғуланд, ки нисбатан бузургтаринашон миёни онҳо – «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Темур ойл», «Мабдаи нур» ва «Фароз» мебошанд.

Тӯли 11 моҳи соли равон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон наздики 324 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 318 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.