Дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чин миёни ширкатҳои бахшҳои гуногуни иқтисоди ҳарду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, миёни ҶДММ «Шарқиншоот» (Тоҷикистон) ва ширкати «Кай Мэй» (Чин) дар бораи шарикӣ, ҳамчунин миёни ҶДММ «Ҳазориспанд» (Тоҷикистон) ва ҶДММ «Ширкати савдои Ҷин Яши Юан» (Чин) доир ба ҳамкорӣ созишномаҳо имзо шудааст.

 Қобили зикр аст, ки ҳамоиш дар муассисаи давлатии «Кохи Борбад» дар доираи Намоишгоҳи «Истеҳсоли Чин»-Тоҷикистон 2017» баргузор гардида, дар кори он беш аз 100 нафар намояндагони ҳарду ҷониб иштирок доштанд.

Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин робита изҳор намудааст, ки дар доираи ҳамоиши имрӯза соҳибкорони ватанӣ имкон доранд аз ҷумҳурӣ набаромада, бо молу маҳсулот ва таҷҳизоти муаррифинамудаи ширкатҳои бонуфузи музофоти Шандун, Хенан, Хубей ва музофоти мухтори Синҷон-Уйғури Чин шинос ва шарикони ҳамкори худро пайдо намоянд.