АНОНС

- Дар «Душанбе-Плаза» конфронси ҳамасолаи Шабакаи чарогоҳҳо доир мегардад, ки ҳадафи аслиаш имкони шиносоӣ бо иштирокчиёни таҷрибадор аз ташкилотҳои гуногуни марбут ба омӯзиши масоили чарогоҳҳо, табодули таҷриба дар ин соҳа ва омӯзиши хулосаву тавсияҳои созмонҳову коршиносон унвон мешавад;

- Дар Маркази илму фарҳанги Русия вохӯрии сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов бо иштирокчиёни Фестивали 19-уми ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, ҳамчунин хатмкардагони барномаи «Насли нав» баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  8.8186 сомонӣ;

1 евро – 10.3663 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1485 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Таъсиси ноҳияҳои Мӯъминобод, Кӯлоб, Фархор, Совет, Айнӣ ва Панҷакент.

1948 – Комбинати маъдани кӯҳии Такоб ба истифода дода шуд.

2006 — Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байнулмилалии индустрияи маҳсулоти ғизойӣ «Interfood Tajikistan-2006» ба кор шурӯъ кард.

2012 — Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе таҳти унвони «Дӯстӣ бидуни марзҳо» форум баргузор шуд.

1918-1995 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Яъқуб Тоҷиев.

1924 – Мавлуди мунаққиди адабӣ, олими адабиётшинос Соҳиб Табаров.

1970 – Зодрӯзи рӯзноманигор Пайрав Чоршанбиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +5+10.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +16+21; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +8+13; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +15+20; дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +10+15. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +16+18.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +18+20.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +10+12.