Сокини шаҳри Хуҷанд Анорҷон Алиева зиёда аз 30 сол инҷониб мубталои бемории ҷоғар аст. Ӯ ҳар 6 моҳ як маротиба дар Маркази эндокринологии вилояти Суғд ба номи Ҷаҳон Набиев табобат мегирад.

Аз маълумоти расмӣ бармеояд, ки тайи 2 соли охир ҳар шашумин сокини вилоят ба ин дард гирифтор будааст.

Ҷисми инсон дар як шабонарӯз ба 150 микрограмм йод эҳтиёҷ дорад.

Сабаби пайдоиши ҷоғар ва пайомадҳои он

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ мегӯянд, ки сабаби асосии мубтало шудан ба бемории ҷоғар норасоии йод дар бадани одам аст. Яке аз нишонаҳои ҷоғар варами қисми пеши гулӯ мебошад. Аломатҳои дигар инҳоянд: хасташавии зиёд, арақкунӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ ва азхудкунӣ дар хониш, қадпастии кӯдак, асабоният, дилтангӣ, пастшавии қобилияти биниш ва шунавоӣ, вайроншавии кори дил, дарди сар, бемадорӣ, пастшавии қобилияти меҳнатӣ, нафастангӣ, дилзанӣ, инчунин вайроншавии давраи ҳайзи занон.

Инкишофи ҷисмонии кӯдакони мубталои ҷоғар суст мешавад, зеро он ба системаи хунгарди инсон таъсир расонида, фаъолияти дурусти баданро халалдор мекунад.

Дар навбати худ, камйодии занони ҳомила боиси бачапартоӣ шуда метавонад. Пизишкон тавсия медиҳанд, ки зимни пайдо шудани нишонаҳои бемории ҷоғар, шаҳрвандон бояд фавран ба муассисаҳои дахлдори тиббӣ муроҷиат карда, саривақт муолиҷа гиранд.

Санҷиши йоднокии намак

Дар Тоҷикистон йод барои талаботи ҳамарӯзаи мардум асосан ба воситаи намаки ошӣ таъмин карда мешавад. Он халтачаҳои намаки ошие, ки дар бозору мағоза ва марказҳои тиҷоратии вилояти Суғд фурӯхта мешаванд, оё то кадом андоза дар таркибашон миқдори зарурии йод доранд? Барои дарёфти посух ба ин суол мо аз якчанд гӯшаву канори шаҳри Хуҷанд намунаҳои намаки ошии истеҳсолашон гуногунро харидорӣ карда, сифати онҳоро бо чаконидани қатраҳои маҳлули махсус (индикатори йоднокии намак) мавриди санҷиш қарор додем.

Натиҷаи ин таҷрибаи журналистиро дар видеонавори зер дида метавонед

Дар ҳамин ҳол, масъулини «Тоҷикстандарт» мегӯянд, ки солҳои охир корхонаҳои коркарди намак ба сифат ва таркиби он аҳамияти хоса медиҳанд. Ба қавли онҳо, баргузории рейду санҷишҳо нишон доданд, ки сифати намаки ошии дар бозорҳои вилояти Суғд ба фурӯш гузошташуда ҷавобгӯйи талабот мебошад.


Дастрасӣ ба кони намаки Ашт озод аст?

Дар шимоли ҷумҳурӣ танҳо як корхонаи истеҳсоли намак, воқеъ дар ноҳияи Ашт фаъолият мекунад. Кони намаки он дар мавзеи кушод ҷойгир буда, эҳтимоли аз ин захираи табиӣ истифода кардани ҳар нафар вуҷуд дорад. Вале ба гуфтаи роҳбарият, ҳудуди корхона зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.

Дар бозору фурӯшгоҳҳои маркази вилоят, ки мо аз назар гузаронидем, асосан маҳсулоти ҶСП “Кони намак”-и ноҳияи Ашт ба фурӯш гузошта шудааст. Ба гуфтаи роҳбарияти ин корхона, ба таркиби намаки он зимни коркард ба воситаи дастгоҳҳои махсус миқдори муайяни йод илова карда мешавад.


Замони Шӯравӣ ин корхона дар як сол то 35 ҳазор тонна намак истеҳсол намуда, аҳолии ҷумҳурӣ ва водии Фарғонаро бо ин намуди маҳсулоти ғизоӣ таъмин мекард. Айни замон кормандони он ҳамарӯза аз 25 то 27 тонна маҳсулотро бандубаст мекунанд. Масъулини корхона мегӯянд, ки ба сифат ва таркиби намак аҳамияти хоса медиҳанд, аз ин рӯ, талабот ба ин маҳсулот бештар шудааст. Онҳо ният доранд, ки содироти намакро ба ғайр аз Қирғизистону Афғонистон ба Руссия ва кишварҳои дигари ИДМ ба роҳ монанд.

Қоидаҳои нигаҳдории намак ва ҳифзи саломатӣ

Табибон таъкид мекунанд, ки шаҳрвандон бояд ҳангоми нигаҳдорӣ ва истифодаи намаки ошӣ ба якчанд қоида аҳамият диҳанд.


Мутахассисон изҳор медоранд, ки ҳар як нафар ҳангоми харидорӣ ва истифодаи намаки ошӣ бояд ба сифат, таркиб, йоднокӣ, санаи истеҳсол ва нигаҳдории он дар шароити хона аҳамият дода, бо ин роҳ саломатии худ ва аҳли оиларо ҳифз намояд.