Баъди натиҷагирӣ аз се бозии даври 21-уми   Чемпионати Тоҷикистон   миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки ба поён расид,  дастаҳои гирандаи медалҳои нуқраву биринҷӣ  маълум шуданд.        

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон,  дастаи  футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки бозиро дар майдони худ бо  дастаи  «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, бо 37 хол дар ҷадвали мусобиқот мақоми дуюмро касб кард. Футболбозони  дастаи  «Хуҷанд» таҳти раҳбарии сармураббӣ Рустам Хоҷаев сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринашон бо медалҳои нуқра мукофотонида мешаванд.

Гуфта мешавад, дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе низ рақобаташро дар майдони худ бо дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, бо касби 34 имтиёз сазовори нишони биринҷии Лигаи олии мамлакат гардид.

Зимнан хотиррасон мешавад, ки дастаи  футболи  «Истиқлол»-и Душанбе, ки  пешакӣ унвони Чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шудааст, шашумин бор аст бо медалҳои тилло мукофотонида мешавад.