Дар рӯзи охири мусобиқоти чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гашт, варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни -100 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимии Тоҷикистон, Темур дар рақобатҳо Доминик Маҷовски (Лаҳистон), Пётр Арвай (Маҷористон), Такая Ямугушӣ (Ҷопон)-ро мағлуб карда, дар даври нимфинал аз варзишгари Озарбойҷон Зелим Котсоиев шикаст хурд. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Олмон Даниел Зорн пирӯз шуд.

Гуфта мешавад, ин дуюм медали варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа мебошад. Медали аввалро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кг сазовор гардид. 8 варзишгари мо - Суҳроб Боқиев (-60 кг), Муҳаммадкарим Сарахонов (-66 кг), Эраҷ Абдуллоев, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Муртазо Аминов (-90), Шакармамад Мирмамадов (-100 кг) аз медалҳо бенасиб монданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чемпионат 590 варзишгар (346 мард, 244 бону) аз 83 давлати дунё иштирок карданд. Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо 2 медали биринҷӣ ҷои 17-умро ишғол кард.

Ҷопон, ки 14 медал – 8 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ - ба даст овард, сазовори ҷои аввал шуд. Мақоми дуюм бо 5 медал (2-2-1) насиби Озарбойҷон ва ҷои сеюм бо 5 медал (1-2-2) насиби Русия шуд.