Шумори нозирони БДА дар Хуҷанд зиёд мешавад
Хабари фаври
Шумори нозирони Бозрасии давлатии автомбилӣ дар шаҳри Хуҷанд зиёд карда мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори БДА-и ШКД-и шаҳри Хуҷанд Зокир Шарифов хабар дод, дар робита ба афзудани шумори воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳр, аз ҷумла аз ҳисоби автомашинаҳои ба шаҳр воридшаванда, аз маъмурияти шаҳр дархост шуд, ки штати иловагии нозирони БДА ҷудо карда шавад.
«Дархост қонеъ гардида, 6 штати нави нозирони БДА ҷудо карда шуд. Чанде қабл барои ишғоли вазифаҳо дар ин штатҳо озмун гузаронида шуд. Қабла аз ҷудо гардидани штатҳои иловагӣ шумори нозирони БДа дар шаҳри Хуҷанд 21 нафарро ташкил медод», - гуфт ӯ.
Ба қавли Шарифов, бинобар сабаби кам будани автомашинаҳои хидматӣ, нозирон асосан «пиёда» дар дидбонгоҳҳо фаъолият мекунанд. «Шумори дидбонгоҳҳои сайёри БДА дар шаҳри Хуҷанд 10-торо ташкил дода, дар як шабонарӯз нозирони БДА дар се баст фаъолият мекунанд», - афзуд номбурда.
Хабарҳо
Хабарҳои машҳур
- [415] Супориши президент ҷиҳати тезонидани корҳо дар роҳи Душанбе-Турсунзода
- [402] Оғози сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии насли нав
- [401] Медали тилои писари президент дар Олимпиадаи Бухарест
- [391] Дипломати тоҷик бо медалҳои Русияву Қазоқистон қадрдонӣ шуд
- [389] «Тоҷик Эйр» ба Исломобод хатсайри ҳавоӣ боз мекунад
ХАБАРҲОИ ҲАММАВЗУЪ
Мақолаҳои ҳаммавзyъ
АКСҲОИ ҲАММАВЗУЪ
-
14 photo / 22 НоябрНозим Қаландаров



Назари худро бинависед