Осеби ду тоҷикистонӣ аз таркиши газ дар вилояти Маскав

21/02/2012 10:52
Аваз Юлдошев
Views: 925

Дар шаҳраки Горки-25-и ноҳияи Дмитровои вилояти Маскав дар бинои дуошёна таркиши баллонҳои газ рух дод. Бар асари таркиш якчанд нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд.

Тавре аз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав хабар доданд, 90%-и ҷисми шаҳрванди Тоҷикистон Илҳом Мирзокаримов (соли таваллуд 1994) аз оташ осеб дида, ӯ дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Люберетсии вилояти Маскав қарор дорад.

«Шаҳрванди дигари Тоҷикистон Руслан Мавлододов (соли таваллуд 1983) бо осеби сатҳи миёна аз оташ ба беморхонаи ноҳияи Дмировои вилояти Маскав фиристода шудааст», - гуфтанд дар сафорат.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.
10 + 5 =
Solve this simple math problem and enter the result. E.g. for 1+3, enter 4.