Норозигии вазири маориф аз кори ноширон
Хабари фаври
Вазири маорифи Тоҷикистон Нуридин Саидов дар ҷараёни вохӯрӣ бо намояндагони нашриётҳо онҳоро барои иҷро накардани шартҳои ӯҳдадорӣ бо вазорат мавриди интиқод қарор дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд, вазир ба онҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳояшон оид ба нашри китобҳои дарсӣ то 2-юми март муҳлат дод.
Дар ҳамин ҳол, вазир хотирррасон намуд, ки аз 31 номгӯй китоби дарсӣ, ки дар 18 нашриёт бояд ба чоп мерасиданд, ҳамагӣ се номгӯй омода гардида, боқимонда қисман ё пурра чоп нашудаанд.
Ба иттилои манбаъ, Н.Саидов таваҷҷуҳи намояндагони нашриётро ба он ҷалб сохтааст, ки муҳлати иҷрои қарордодҳо оид ба нашри китобҳои дарсӣ қариб шаш моҳ пеш ба охир расидаанд.
«Дар идома вазир таъкид кард, ки ҳангоми ба тавозуни вазорат қабул кардани китобҳои чопшуда, ба сифати нашри онҳо диққати ҷиддӣ дода хоҳад шуд», - афзуд манбаъ.
Хабарҳо
Хабарҳои машҳур
- [415] Супориши президент ҷиҳати тезонидани корҳо дар роҳи Душанбе-Турсунзода
- [402] Оғози сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии насли нав
- [401] Медали тилои писари президент дар Олимпиадаи Бухарест
- [391] Дипломати тоҷик бо медалҳои Русияву Қазоқистон қадрдонӣ шуд
- [389] «Тоҷик Эйр» ба Исломобод хатсайри ҳавоӣ боз мекунад
ХАБАРҲОИ ҲАММАВЗУЪ
Мақолаҳои ҳаммавзyъ
АКСҲОИ ҲАММАВЗУЪ
-
9 photo / 25 МайНозим Қаландаров
-
16 photo / 22 ИюнМавҷуда Ҳасанова
-
21 photo / 03 ИюнМавҷуда Ҳасанова





Назари худро бинависед