Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумонии санаи 1 март дар ҷумҳурӣ баргузоршударо эълон кард.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) - 65,4% (натиҷаҳои пешакӣ - 65,2%), Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) - 11,7% (11,8%), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) - 7,5% (7,6%), Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) - 5,5% (5,5%)-и раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 16 нафар, ҲАТ-ро - 3 нафар, ҲИИТ-ро 2 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) - 1,6% (натиҷаҳои пешакӣ - 1,5%), Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) - 2,2% (2,3%), Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) - 1,7% ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) - 0,5%-и интихобкунадагон овоз доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд.

«Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд», - қайд кард манбаъ.

Ба палатаи поёнии парлумон 63 вакил - аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ - 41 нафар ва аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ - 22 нафар вакилон интихоб карда мешаванд.

Барои курсиҳои вакилӣ дар маҷмӯъ 285 нафар номзадҳо (103 нафар - тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 182 нафар - аз ҳавзаҳои якмандатӣ, аз ҷумла ҳудуди 80 нафар тариқи худпешбарӣ) рақобат карданд. Миёни номзадҳо 30 нафарашон занон мебошанд.

Дар интихобот ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар - Ҳизби халқии демократӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иштирок карданд.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ) ҳизбҳое, ки аз шумори умумӣ зиёда аз 5% овозҳоро мегиранд, ба курсиҳо дар парлумон соҳиб мешаванд.

Дар мониторинги интихобот 528 нафар нозирони байнулмилалӣ ва зиёда аз 1 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ҳузур доштанд. Ҷараёни интихоботро беш аз 100 нафар хабарнигорони васоити ахбори умуми расонаҳои хориҷӣ инъикос намуданд.