Эълони тендер ба коркарди як қатор конҳои кишвар

22/02/2012 16:52
Пайрав Чоршанбиев
Views: 959

Ҳукумати Тоҷикистон ба коркарди як катор конҳои бузурги канданиҳои фоиданок дар ҷумҳурӣ тендери байнулмилалӣ эълон карданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар доданд, соли равон ҳукумат ният дорад, оид ба дастрас кардани ҳукуқи коркарди конҳои «Чоре» ва «Канчоч» дар ноҳияи Айнӣ тендери байнулмилалӣ баргузор намояд.

Бино ба иттилои манбаъ, кони «Чоре» кони тилову маъдан буда, кони «Канчоч» аз захираҳои тило, сурма, нуқра, симоб ва дигар канданиҳои фоиданок бой аст.

Ғайр аз ин, таъкид намуд манбаъ, ҳамчунин соли равон баргузор намудани тендерҳои байнулмилалӣ оид ба дастрас кардани ҳуқуқи баргузор намудани корҳои иктишофиву геологӣ дар конҳои «Гумас» ва «Икар» дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ба накша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, кони «Гумас» воқеъ дар ноҳияи Ванҷ дорои захираҳои бойи никел ва мису платина буда, кони «Икар» бо захираҳои ғании тило, волфрам ва мис начандон дуртар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир шудааст. 

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.
2 + 2 =
Solve this simple math problem and enter the result. E.g. for 1+3, enter 4.