Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону КБСС

22/02/2012 10:44
Аваз Юлдошев
Views: 890

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ роҳбари дафтари минтақавии намояндагии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ив Арнолдиро ба ҳузур пазируфт.

Меҳмон вазири корҳои хориҷии ҷумҳуриро бо корҳои анҷомдодаи КБСС дар минтақа ва Тоҷикистон дар соли 2011 ошно сохта, роҷеъ ба самтҳои асосии фаъолияти КБСС соли равон дар кишвари мо маълумот дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, миёни ҷонибҳо оид ба маҷмӯи васеи масоили гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва марбут ба рушди ҳамкориҳои минбаъда табодули афкори судманд сурат гирифт.

Аз ҷумла, ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкориҳо дар бахши риояи ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари мина, дастгирии муассисаҳои тиббӣ дар водии Рашт ва ҳамкории КБСС бо Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Назари худро бинависед

CAPTCHA
This question is for testing whether you are a human visitor and to prevent automated spam submissions.
14 + 4 =
Solve this simple math problem and enter the result. E.g. for 1+3, enter 4.

АКСҲОИ ҲАММАВЗУЪ