Ба Тоҷикистон ду вагонкаши истеҳсоли Қазоқистон оварда мешаванд
Хабари фаври
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз шаш вагонкаш (локомотив)-и фармоишӣ воридшавии ду вагонкаши истеҳсоли Қазоқистонро интизорӣ доранд.
Хадамоти матбуоти Роҳи оҳани Қазоқистон хабар медиҳад, ки ду вагонкаши аввал пас аз имзои санади қабули пешакӣ санаи 17-уми феврал ба Тоҷикистон фиристода шудаанд. Аммо мовини раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон Владимир Собкалов мегӯяд, вагонкашҳо ҳоло фиристода нашудаанд ва бо ҳалли баъзе мушкилот, онҳо имрӯз ба Тоҷикистон равона хоҳанд гардид.
Ба гуфтаи Собкалов, моҳи ноябри соли гузашта идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи барои Тоҷикистон тайёр кардани шаш вагонкаш бо тарзи истеҳсоли консерни амрикоии «GeneralElectric» дар Остона қарордод ба имзо расониданд. «Вагонкашҳо дар се марҳила – дуто дар моҳи феврал ва чорто дар моҳи март ба Тоҷикистон расонида шуда, ба ихтиёри истгоҳҳои роҳи оҳани Душанбе-1, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд вогузор мегарданд», - гуфт вай.
Бино ба маълумоти идораи «Роҳи оҳани Қазоқистон аллакай чор вагон аз ин фармоиш омода гардида, бадана (корпус)-и вагонкашҳо бо рангҳои парчами давлатии Тоҷикистон оро дода шудаанд.
«Пас аз ба Тоҷикистон расонидани вагонкашҳо санади ниҳоии қабулу супоридан ба имзо расида, онҳо пурра ба моликияти Тоҷикистон супурда мешаванд», - омадааст дар маълумот.
Дар бораи ҳаҷми маблағи қарордод маълумоте мавҷуд нест.
Хабарҳо
Хабарҳои машҳур
- [415] Супориши президент ҷиҳати тезонидани корҳо дар роҳи Душанбе-Турсунзода
- [402] Оғози сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқии насли нав
- [401] Медали тилои писари президент дар Олимпиадаи Бухарест
- [391] Дипломати тоҷик бо медалҳои Русияву Қазоқистон қадрдонӣ шуд
- [389] «Тоҷик Эйр» ба Исломобод хатсайри ҳавоӣ боз мекунад
ХАБАРҲОИ ҲАММАВЗУЪ
Мақолаҳои ҳаммавзyъ
АКСҲОИ ҲАММАВЗУЪ
Photo coverage is not


Назари худро бинависед